Сафири Тоҷикистон дар ВКХ Ӯзбекистон масоили марзиро баррасӣ кард

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ чанде қабл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар боздид намуд. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ бо мансабдорони воломақоми кишвари ҳамсоя таъкид шудааст, ки дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Гуфта мешавад, айни замон маҷмӯи масоили марбут […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ чанде қабл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар боздид намуд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ бо мансабдорони воломақоми кишвари ҳамсоя таъкид шудааст, ки дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Гуфта мешавад, айни замон маҷмӯи масоили марбут ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди бозбинӣ қарор дорад.

«Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки миёни пойтахтҳои кишварҳо алоқаи ҳавоӣ барқарор шуда, ҷаласаи навбатии комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии давлатҳо баргузор шуд, – омадааст дар маълумот. – Се вохӯрии гурӯҳҳои байниҳукуматии таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардида, ҳамкории фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо низ дар ҳоли густариш аст».

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯриҳо ҳамчунин ба масъалаҳои ташкили вохӯрии навбатии гурӯҳҳои байниҳукуматии таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.