Гузориши тасвирӣ аз сафари Президент ба вилояти Суғд. Рӯзи аввал

Субҳи рӯзи 16 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истиқлол […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 16 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истиқлол оғоз гардида, бо иштироки Президенти мамлакат Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пас аз ифтитоҳи корхона Президенти Тоҷикистон бо кормандони Корхонаи металлургии "Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой" ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол Сарвари давлат изҳор намуд, ки бунёди корхонаи металлургӣ, ки боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб меравад, бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металли сурб дар як сол идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон аст.

Дар рӯзи аввали сафар ба вилояти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.