Сафирони 15 давлат ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома месупоранд

Аввали ҳафтаи оянда дар Қасри миллат маросими аз ҷониби сафирони тозатаъини 15 давлат ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдани эътимоднома доир мегардад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин маросим сафирони навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Канада, Ҷумҳурии Эстония, Руминия, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Аргентина, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Кипр, Амороти […]

Asia-Plus

Аввали ҳафтаи оянда дар Қасри миллат маросими аз ҷониби сафирони тозатаъини 15 давлат ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдани эътимоднома доир мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин маросим сафирони навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Канада, Ҷумҳурии Эстония, Руминия, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Аргентина, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Индонезия, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Муғулистон ва Давлати Исроил ба Президенти Тоҷикистон эътимоднома месупоранд.

То маросими супурдани эътимодномаҳо дипломатҳои кишварҳои дар боло зикршуда нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов месупоранд.

Зимни вохӯрӣ бо сафирони тозатаъин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо ин давлатҳо ва нияту ҳадафҳои Душанбеи расмӣ изҳори назар мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.