Роҳбари КВН ба барангехтани низоъ ва додани иттилои бардурӯғ айбдор мешавад

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Нисбати роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд.

Имрӯз суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуд. Корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.

Дар прокураураи вилоят ба «Азия-Плюс» шарҳ дода натавонистанд, ки мутобиқи моддаи «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ» ҷинояти Мирсаидов дар чӣ амалҳо зоҳир меёбад. «Ин сирри тафтишот аст», – гуфтанд дар маркази матбуот ва қайд карданд, ки маълумоти муфассал дар ин хусус баъдтар пешниҳод мегардад.

Шояд маълумоти мазкур сани 15-ум пешкаш шавад, зеро бо гузашти 10 рӯз аз замони боздошт (дар ин ҳолат – 5 декабр) мувофиқи қонун прокуратура бояд ба гумонбаршуда айбнома пешниҳод намояд.

Акбар Турсунов, адвокати Мирсаидов айни замон дар шаҳри Душанбе қарор дошта, ба шарҳи вазъ танҳо рӯзи душанбе, 11 декабр омодагӣ изҳор кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дар суҳбати телефонӣ бо «Азия-Плюс» аз шарҳи масъалаи боздошти Хайрулло Мирсаидов худдорӣ варзид.

Ба савол доир ба ҳисобот додани Мирсаидов дар мавриди воситаҳои пештар гирифтааш Зоҳидзода чунин посух дод: «Доир ба ин масъала ҳамаи саволҳоятонро ба прокуратура диҳед».

Хайрулло Мирсаидов роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро ба дуруғгӯӣ айбдор карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.