Роҳбари КВН ба барангехтани низоъ ва додани иттилои бардурӯғ айбдор мешавад

Нисбати роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд. Имрӯз суд […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Нисбати роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд.

Имрӯз суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуд. Корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.

Дар прокураураи вилоят ба «Азия-Плюс» шарҳ дода натавонистанд, ки мутобиқи моддаи «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ» ҷинояти Мирсаидов дар чӣ амалҳо зоҳир меёбад. «Ин сирри тафтишот аст», – гуфтанд дар маркази матбуот ва қайд карданд, ки маълумоти муфассал дар ин хусус баъдтар пешниҳод мегардад.

Шояд маълумоти мазкур сани 15-ум пешкаш шавад, зеро бо гузашти 10 рӯз аз замони боздошт (дар ин ҳолат – 5 декабр) мувофиқи қонун прокуратура бояд ба гумонбаршуда айбнома пешниҳод намояд.

Акбар Турсунов, адвокати Мирсаидов айни замон дар шаҳри Душанбе қарор дошта, ба шарҳи вазъ танҳо рӯзи душанбе, 11 декабр омодагӣ изҳор кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дар суҳбати телефонӣ бо «Азия-Плюс» аз шарҳи масъалаи боздошти Хайрулло Мирсаидов худдорӣ варзид.

Ба савол доир ба ҳисобот додани Мирсаидов дар мавриди воситаҳои пештар гирифтааш Зоҳидзода чунин посух дод: «Доир ба ин масъала ҳамаи саволҳоятонро ба прокуратура диҳед».

Хайрулло Мирсаидов роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро ба дуруғгӯӣ айбдор карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.