Даъвати Аслов аз баъзе аз кишварҳои САҲА ҷиҳати хотима ба сиёсати дугуна

Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов рӯзи 7 декабр дар иҷлоси 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардида истодааст, иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Аслов зимни суханронӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон роҷеъ […]

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов рӯзи 7 декабр дар иҷлоси 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардида истодааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Аслов зимни суханронӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон роҷеъ ба нуқтаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар минтақаи САҲА ибрози ақида намуда, ҷиҳати талошҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин зарурати густариши ҳамкориҳо дар масъалаҳои бознигарии усули баргузории чорабиниҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДНДҲИ/САҲА) ва таҳкими амният дар минтақа таъкид намуд.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷӣ аз ҷумла даъват намуд, ки баъзе аз кишварҳои САҲА сиёсати духураи худро дар самти мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшида, ҷиҳати пешбурди муборизаи беамон ва решакан намудани ин хатарҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба расонанд.

Ҳамчунин, ӯ роҷеъ ба чолишҳои рӯзафзуни террористӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ дар Афғонистон, хусусан дар шимоли он изҳори нигаронӣ намуда, аз кишварҳои САҲА ҷиҳати андешидани чораҳои мушаххас дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ, ба вежа тариқи расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва фаннӣ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин, ҳавасмандии амиқи Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар пойдор гардидани сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя қайд карда шуд.    

Зимнан зикр мегардад, ки кори иҷлоси зикргардида имрӯз низ идома хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.