Муаллимаи ба сари хонанда дастбардошта танбеҳ гирифт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Софя Қосимова, муаллимаи мактаби №21-и пойтахт барои даст бардоштан ба сари хонанда танбеҳ гирифт.

«Софя Қосимова солҳои зиёдест, ки омӯзгорӣ мекунад. Ӯ ба сари толибаи синфи 8 Моҳчеҳра Боқиева даст бардоштааст, бо он сабаб, ки толиба тартибот дар синфро вайрон карда, ба гузаронидани дарс халал расонидааст. Муаллима худро дошта натавониста, ба рӯи толиба шаппотӣ задааст ва талаб кардааст, ки ба партаи охир нишинад», – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Алиев.

Бино ба гуфтаи номбурда, Софя Қосимова аз раҳбарияти мактаб ва Вазорати маориф ва илм танбеҳ гирифта, ба толибае, ки ҷараёни баргузории дарсро халалдор кард, огоҳӣ дода шудааст.

Аввали моҳи декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие нашр шуд, ки дар он аз ҷониби муаллима лату кӯб шудани хонанда дида мешавад. Ин навори видео дар шабакаи Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.