Муаллимаи ба сари хонанда дастбардошта танбеҳ гирифт

Софя Қосимова, муаллимаи мактаби №21-и пойтахт барои даст бардоштан ба сари хонанда танбеҳ гирифт. «Софя Қосимова солҳои зиёдест, ки омӯзгорӣ мекунад. Ӯ ба сари толибаи синфи 8 Моҳчеҳра Боқиева даст бардоштааст, бо он сабаб, ки толиба тартибот дар синфро вайрон карда, ба гузаронидани дарс халал расонидааст. Муаллима худро дошта натавониста, ба рӯи толиба шаппотӣ задааст […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Софя Қосимова, муаллимаи мактаби №21-и пойтахт барои даст бардоштан ба сари хонанда танбеҳ гирифт.

«Софя Қосимова солҳои зиёдест, ки омӯзгорӣ мекунад. Ӯ ба сари толибаи синфи 8 Моҳчеҳра Боқиева даст бардоштааст, бо он сабаб, ки толиба тартибот дар синфро вайрон карда, ба гузаронидани дарс халал расонидааст. Муаллима худро дошта натавониста, ба рӯи толиба шаппотӣ задааст ва талаб кардааст, ки ба партаи охир нишинад», – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Алиев.

Бино ба гуфтаи номбурда, Софя Қосимова аз раҳбарияти мактаб ва Вазорати маориф ва илм танбеҳ гирифта, ба толибае, ки ҷараёни баргузории дарсро халалдор кард, огоҳӣ дода шудааст.

Аввали моҳи декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие нашр шуд, ки дар он аз ҷониби муаллима лату кӯб шудани хонанда дида мешавад. Ин навори видео дар шабакаи Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.