БДА: Овозаҳои маҷбурӣ сиёҳкунии шишаҳои автомашина беасосанд

Asia-Plus

Овозаҳои ҷойдошта миёни соҳибони воситаҳои нақлиёт доир ба аз аввали соли оянда ҷорӣ шудани сиёҳкунии ҳатмии шишаҳои автомашина асоси воқеӣ надоранд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шуъбаи таблиғоти РВКД ВКД Наргис Тӯйчиева изҳор намуд, ки гуфтугузорҳо дар бораи маҷбуран ҷорӣ кардани сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо (тонировка) «як овозаи беасосе беш нест».

«Доир ба ҳама гуна навгонӣ шуъбаи таблиғоти РБДА пешакӣ ҳамаи моликони автомашинаҳоро тариқи сомонаи расмии ВКД ва тавассути васоити ахбори умум огоҳ мекунад. Ҳеҷ гуна қарори ҳатман сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо қабул нашудааст. Ба ин овозаҳо бовар накунед», – изҳор дошт ӯ.

Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали моҳи декабр дар бораи гӯё аз соли оянда ҷорӣ шудани қоидаи ҳатман сиёхқунии шишаи қафои автомашианҳо овозаҳо ҷой доштанд. Ин «навгонӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни моликони автомашинаҳо баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Зикр гардида буд, ки сиёҳкунии шишаҳо 800 сомонӣ нарх дошта, «ин иқдоми навбатии шахсони манфиатдор барои пулкоркунӣ аст».

Қобили зикр аст, ки аз аввали соли равон арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон 25% афзуда, акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то соли 2004 – 2,5 ҳазор (пештар – 2 ҳазор) сомонӣ ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 3,1 ҳазор (қаблан – 2 ҳазору 480) сомонӣ маблағ мебояд пардохт намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.