БДА: Овозаҳои маҷбурӣ сиёҳкунии шишаҳои автомашина беасосанд

Овозаҳои ҷойдошта миёни соҳибони воситаҳои нақлиёт доир ба аз аввали соли оянда ҷорӣ шудани сиёҳкунии ҳатмии шишаҳои автомашина асоси воқеӣ надоранд. Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шуъбаи таблиғоти РВКД ВКД Наргис Тӯйчиева изҳор намуд, ки гуфтугузорҳо дар бораи маҷбуран ҷорӣ кардани сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо (тонировка) «як овозаи беасосе беш нест». «Доир ба ҳама гуна навгонӣ […]

Asia-Plus

Овозаҳои ҷойдошта миёни соҳибони воситаҳои нақлиёт доир ба аз аввали соли оянда ҷорӣ шудани сиёҳкунии ҳатмии шишаҳои автомашина асоси воқеӣ надоранд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шуъбаи таблиғоти РВКД ВКД Наргис Тӯйчиева изҳор намуд, ки гуфтугузорҳо дар бораи маҷбуран ҷорӣ кардани сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо (тонировка) «як овозаи беасосе беш нест».

«Доир ба ҳама гуна навгонӣ шуъбаи таблиғоти РБДА пешакӣ ҳамаи моликони автомашинаҳоро тариқи сомонаи расмии ВКД ва тавассути васоити ахбори умум огоҳ мекунад. Ҳеҷ гуна қарори ҳатман сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо қабул нашудааст. Ба ин овозаҳо бовар накунед», – изҳор дошт ӯ.

Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали моҳи декабр дар бораи гӯё аз соли оянда ҷорӣ шудани қоидаи ҳатман сиёхқунии шишаи қафои автомашианҳо овозаҳо ҷой доштанд. Ин «навгонӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни моликони автомашинаҳо баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Зикр гардида буд, ки сиёҳкунии шишаҳо 800 сомонӣ нарх дошта, «ин иқдоми навбатии шахсони манфиатдор барои пулкоркунӣ аст».

Қобили зикр аст, ки аз аввали соли равон арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон 25% афзуда, акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то соли 2004 – 2,5 ҳазор (пештар – 2 ҳазор) сомонӣ ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 3,1 ҳазор (қаблан – 2 ҳазору 480) сомонӣ маблағ мебояд пардохт намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ