КДАМ: Гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд

Asia-Plus

«Гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистон баста нестанд ва сарҳадбонон бо реҷаи муқаррарӣ марзро посбонӣ мекунанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Муҳаммад Улуғхоҷаев, котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Ба қавли ӯ, «гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳад бо Афғонистонро касе набаста, ҳама мисли пешин аст ва ҳамчунин пулҳо низ тариқи дарёи Панҷ баста нашудаанд, ки дар бора чанде аз ВАО хабар доданд».

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар ин робита хабар дод, ки Тоҷикистон панҷ пул (купрӯк) ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ кардааст.

Ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти вилояти Хатлон гуфтаанд, ки “пулу гузаргоҳҳои марзӣ бо далелҳои амниятӣ муваққатан баста шуд”.

Аҳмад Файсал Бекзод, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, талош доранд, то ҷониби Тоҷикистонро итминони хотир бидиҳанд, ки марзро боз намояд.

“Фаъол будани пулҳо, фаъол будани бозорҳо бисёр муҳиму ҳаётӣ барои мост. Мо роҳи хуб бо марказ надорем. Бахусус дар ин шабу рӯз ва барфбориҳо роҳ ба марказ мушкилгузар аст. Аз ин рӯ, тамоми маводи ғизоӣ аз самти Тоҷикистон ворид мешавад”, – илова кардааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.