Ҷашни Мавлуди Мубораки Оғохони IV дар Душанбе

Дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 81-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV,имоми 49-уми исмоилиён ҷашн гирифта шуд. Дар ҷашни Мавлуди Муборак, ки исмоилиён маъмулан онро чунин ном мебаранд, овозхонони шинохтаи кишвар Шуҳрат Сайнако ва Фирӯз Паллаев ҳунарнамоӣ карданд. Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Мавлуди Муборак дар маҳаллаву хонаводаҳои исмоилиён чорабиниҳои гуногунии фарҳангӣ ва […]

Asia-Plus

Дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 81-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV,имоми 49-уми исмоилиён ҷашн гирифта шуд.

Дар ҷашни Мавлуди Муборак, ки исмоилиён маъмулан онро чунин ном мебаранд, овозхонони шинохтаи кишвар Шуҳрат Сайнако ва Фирӯз Паллаев ҳунарнамоӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Мавлуди Муборак дар маҳаллаву хонаводаҳои исмоилиён чорабиниҳои гуногунии фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.

Моҳи июли соли равон Волоҳазрат Оғохон Ҷашни Алмосӣ, 60-умин солгарди худро ҳамчун Имоми 49-уми ирсии (пешвои рӯҳонии) мусулмонони шиаи Исмоилия дар ҷаҳон қайд кард.

Оғохон авлоди мустақими Муҳаммад Пайғамбар (С), тавассути писари амак ӯ ва домодаш Алӣ, Имоми аввалин ва зани ӯ Фотима, духтари Пайғамбар мебошад. Ӯ шаст сол пеш, дар синни 20-солагӣ вориси бобои худ, ҷаноби Султон Муҳаммад Шоҳ Оғохон, ҳамчун Имоми мусулмонони шиаи Исмоилия бар тахти Имомат нишаст.

Оғохон муассис ва Раиси Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мебошад, ки яке аз шабакаҳои бонуфузтарин дар соҳаи рушд дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар беш аз 30 кишвар, асосан дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африкаи Шарқӣ ва Ғарбӣ ва Шарқи Миёна фаъолият дорад. Ҳайати кормандони он ба 80 ҳазор нафар расидааст ва он яке аз ташкилотҳои бузургтарини ҷаҳон оид ба рушд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.