Аз оғози сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 6,3% афзуданд

Моҳи ноябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,3 фоизро ташкил дода, ҳамин тариқ, болоравии нарху тарифҳо ба аввали моҳи декабр то ба 6,3 фоиз расид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи ноябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,3 фоизро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз пасттар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи ноябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,3 фоизро ташкил дода, ҳамин тариқ, болоравии нарху тарифҳо ба аввали моҳи декабр то ба 6,3 фоиз расид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи ноябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,3 фоизро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз пасттар мебошад.

Мизони таварруми солона (12 моҳи охир) 6,7 фоизро ташкил дода, «тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллӣ барои давраи миёнамуҳлат наздик мешавад».

Қайд мешавад, ки дар моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе аз маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ мушоҳида мегардад.

Сатҳи начандон баланди таваррумро дар Бонки миллӣ ба сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ ва коҳишёбии хавфҳои асъорӣ нисбат медиҳанд, ки боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардида, таъсири мусбат расонид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум то охири соли равон дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда (7,0 фоиз) ҷамъбаст гардад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 фоизро ташкил дод. Тайи солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.