Рустами Эмомалӣ 30-сола шуд. Акнун президент шудан ҳам мумкин аст

Asia-Plus

Писари Президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз 30-сола шуда, акнун барои интихоб ба сифати аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва ҳатто раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар, ки моҳятан шахси дуюми кишвар шуморида мешавад, ҳуқуқ пайдо кард. Ғайр аз ин, акнун метавонад номзадиашро ба мансаби президентӣ низ пешбарӣ намояд.

Имрӯз аксарият бар он таваҷҷуҳ доранд, ки оё Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва раиси палатаи болоии парлумон мешавад ё на.

Бо вуҷуди синнусоли нисбатан ҷавонтар, тибқи қонунгузорӣ ӯ ба ин аллакай ҳуқуқ дорад. Тавре мегӯянд, таҷрибаи муайяне ҳам дорад. Ғайр аз ин, чанде аз коршиносон ахиран бобати ба ҳукумат ворид шудани кадрҳои ҷавону сертараддуд ҳарф мезананд. Рустами Эмомалӣ боз аз нуфузи муайяне ҳам бархӯрдор аст, ки наметавон инкор кард.

Вале як монеа вуҷуд дорад

Имрӯз Рустами Эмомалӣ узви Маҷлиси миллӣ аз пойтахт интихоб шуда наметавонад, зеро ҳамаи 5 аъзои палатаи болоии парлумон аллакай интихоб шудаву дар курсии узви Маҷлиси миллӣ нишастаанд.

Барои узви Маҷлиси миллӣ интихоб шудани Рустами Эмомалӣ иҷлосияи муштараки вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт бояд яке аз аъзои палатаи болоии парлумонро бозхонд ва ба ҷойи ӯ узви навро интихоб кунад.

Айни замон дар палатаи болоии парлумон ба ҷойи 33 аъзо 31 нафар фаъолият дошта, Президенти Тоҷикистон моҳи марти соли 2015 ба ҷои 8 аъзо 6 аъзои палатаи болоии парлумонро таъин кард ва барои таъини боз 2 аъзои Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад.

Оё аз ин ҳуқуқ нисбати раиси шаҳри Душанбе истифода мекунад?

Арзанда аст?

«Рустами Эмомалӣ муддати як соли фаъолият ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе исбот кард, ки аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳои аз ҷониби президент ба зимма гузоштааш мебарояд, – чунин мешуморад журналисти тоҷик Наҷмиддини Шоҳинбод. – Ба туфайли раиси пойтахт ва дастаи нави ӯ, пойтахт ба самти беҳбудӣ тағийр ёфт ва ман бовар дорам, ки имконоти ӯ боз минбаъд низ кор медиҳанд».

Сиёсатшиноси тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол дар бораи шахси дуюми ҷумҳурӣ шудани Рустами Эмомалӣ ҳарф гуфтан барвақт аст.

«Набояд фаромӯш сохт, ки мувофиқи пешгӯиҳои сиёсатшиносон, ба ҷуз Рустами Эмомалӣ,  ба унвони шахси дуюми кишвар духтари Сарвари давлат, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент, аъзои аллакай интихобшудаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ низ довталабӣ мекунад», – қайд кард сиёсатшинос.

Яке аз собиқадорони сиёсати Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар мансабҳои пурмасъули маъмурияти президенти Тоҷикистон кор кардааст, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки баррасии масъалаи шахси дуюми давлат  шудани Рустами Эмомалӣ дар маърази ом номуносиб аст.

«Раиси амалкунандаи палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев сиёсатмадори хеле соҳибтаҷриба ва дурандеш буда, солҳои тӯлонӣ барои ҷумҳурӣ садоқатмандона хизматҳои арзанда кардааст ва фикр намекунам, ки дар як они воҳид ӯ ба ҷумҳурӣ нолозим мешавад», – бар ин назар аст собиқадор.

Аз тарҷумаи ҳол

Дар робита ба интихоботи президентӣ… Маърака аллакай баъди се сол доир мегардад. Бале, Рустам метавонад номзадии худро пешбарӣ намояд, лекин ба ақидаи коршиносон, ба гумон аст, ки ин корро кунад. Ба эҳтимоли қавӣ ин кор танҳо соли 20127 сурат хоҳад гирифт.

«Ӯро лозим аст, ки дар кори давлатӣ таҷриба бигирад ва шояд баъди 10 сол ҳамаи ин ба ӯ муяссар гардад», – мегӯянд коршиносон.

Ҷавонтарин дар таърихи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.

Солҳои 2011-2012 дар вазифаи Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2013-2015 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро низ бар дӯш дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.