«Фарзандонам гуруснагӣ мекашанд»: маъюб – амонатгузори «Тоҷпромбонк» аз президент кумак мехоҳад

Самадов Мирзохӯҷа, сокини шаҳри Душанбе

Сокини шаҳри Душанбе, маъюб аз кӯдакӣ Мирзохӯҷа Самадов пулҳои худро ба «Тоҷпромбонк» бовар карда, бо 4 кӯдаки ноболиғи худ метавонад дар кӯча сарсону саргардон монад.

Баъди аз ҷониби «Тоҷпромбонк» рад шудани баргардонидани маблағ, ҷабрдида маҷбур шуд, ки ба Пешвои миллат ва кафили таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намояд.

Дар муроҷиат қайд мешавад, ки барои таъмини рӯзгори оила ӯ хонаи модарашро фурӯхта, худаш манзил иҷора мегирад ва барои таъмини таҳсили ояндаи кӯдакон, аз касе вобаста набудани онҳо ва ҳамчунин харидани манзили нави муосир, ҳамаи пулҳои аз фурӯши хонаи модараш бадастовардаро тибқи шартнома ба муҳлати 10 сол ба «Тоҷпромбонк» амонат мегузорад ва мизоҷи ин муассисаи молиявӣ мешавад.

«Аммо 3 марти соли 2017 «Тоҷпромбонк» муфлис эълон шуда, Бонки миллӣ ба он маъмури махсус таъин кард, – менависад ӯ. – Бо гузашти 10 моҳ ин маъмур моро бо ваъдаҳои бардурӯғ тасалло дода, мегӯяд, ки охири соли 2017 ҳамаи маблағҳои амонат гузоштаамонро медиҳад, лекин ҳатто барои харидани нон ҳам пул намедиҳад».

Номбурда қайд кардааст, ки агар дар ҷое ӯ бигӯяд, ки маъмури бонк пулҳои ӯро баргардониданӣ нест, мавриди ҷанҷолу сарзаниш қарор гирифта, аз ҷониби маъмур таҳдид мешунавад, ки пулҳояш ҳеҷ гоҳ баргардонида намешаванд.

«Зиндагии оилаи мо мушкил шуд, қарздорем, дар нимгуруснагӣ зиндагӣ мекунем, фарзандони маро чандин бор аз гимназия ронданд ва танҳо ба туфайли дархосту зориҳои ман бо шарти то соли нав пардохтани маблағи қарз барои таҳсил онҳоро дубора қабул карданд», – менависад ӯ дар муроҷиатнома.

Зикр мегардад, ки ӯ борҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат карда, вале ин ба маъмури «Тоҷпромбонк» таъсире накардааст.

«Дар аризаҳо ман хоҳиш кардам, ки амонатҳои маро аз суратҳисоби «Тоҷпромбонк» ба суратҳисоби «Амонатбонк» гузаронанд, то ки пулҳоямро дар ихтиёри худ дошта бошам, вале касе гӯши шунаво надорад, касе дар фикри он нест, ки ман бо доштани маблағи зиёд дар бонк, ба гурсунагӣ кашидан, қарзгирӣ, азоб додани фарзандонам маҷбурам ва ин ҳам дар ҳолест, ки фақат баргардонидани пулҳои шахсии худро мехоҳам», – қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Сокини пойтахт зикр мекунад, ки онҳо аз корхонаи машғул ба сохтмони манзилҳои замонавӣ, ки хариданӣ буданд, низ қарздор шудаанд ва акнун корхона ба онҳо огоҳинома додааст, ки дар ҳолати насупурдани маблағи боқимонда, манзили ба номи онҳоро ба каси дигар мефурӯшанд.

«Намедонам чӣ гуна зиндагонӣ кунам. Умедам танҳо ба Шумост, Ҷаноби олӣ. Ба ман кумак кунед! Бигзор амонатҳои маро аз суратҳисоби «Тоҷпромбонк» ба суратҳисоби «Амонатбонк» гузаронанд, то ки ба идомаи зиндагиам имкон пайдо кунам. Умедворам, ки ба дархости ман расидагӣ мекунед. Пешакӣ миннатпазирам. Бо эҳтиром Самадов Мирзохӯҷа», – омадааст дар фарҷоми муроҷиатнома.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.