IRS тарифҳоро боло бурд. Мегӯяд, барои рафъи мушкилиҳо дар ҳисоббаробарӣ

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурд. Дар маълумоти дар сомонаи ширкат интишоршуда дар ин робита қайд мешавад, ки аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан бисёре аз тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми […]

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурд.

Дар маълумоти дар сомонаи ширкат интишоршуда дар ин робита қайд мешавад, ки аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан бисёре аз тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкил эҷод мекарданд.

«Ҳоло филиали ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад, – омадааст дар маълумот. – Аз ин бармеояд, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳо воқеият надорад, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос вуҷуд дорад».

Дар ҳамин ҳол зикр мешавад, ки таъмири куллии роҳ   масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ  пурра аз нав эъмор мешавад.

«Дар заминаи ҷорӣ  намудани низоми навсозишудаи  толлингӣ теъдоди плазаҳ ои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то расида, дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки қаблан дар плазаи Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳ ои Варзоб ва Ҳушёрӣ  тақсим шуданд», – шарҳ дода мешавад дар хабари ширкат.

Доир ба шарҳи «…роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурд…» ва ҳамчунин яклухт кардани нархномаҳо ба самти болоравии онҳо ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо хадамоти матбуоти ширкати IRS тамос бигирад.

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2015 бар асоси консессия бо ҳукумат ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе – Чанок машғул аст.

Айни замон дар ин роҳи автомобилгар плазаҳои Варзоб, Ҳушёрӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.