Дар се сол Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 140 млн. доллар аслиҳа дод

– Бо кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Русия ба сурати умум сулҳу субот дар минтақаро дастгирӣ мекунад, – гуфт фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия генерал-лейтенант Александр Лапин зимни суханронӣ дар маросими ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдлани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ. Намояндаи Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки аз соли 2014 Русия ба […]

– Бо кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Русия ба сурати умум сулҳу субот дар минтақаро дастгирӣ мекунад, – гуфт фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия генерал-лейтенант Александр Лапин зимни суханронӣ дар маросими ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдлани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ.

Намояндаи Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки аз соли 2014 Русия ба Тоҷикистон барои азнавсозии аслиҳаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 140 млн. доллар кумаки техникӣ расонид.

Дар маросим таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи нигаронкунанда дар Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои узви СААД дар сангари аввали муқовимат бо терроризми байнулмилалӣ қарор доранд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ба ҷониби Русия барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид намуд, ки имрӯз артиши Тоҷикистон аслиҳаи пуриқтидор ва муосири Русияро ба ихтиёр гирифт, ки барои ҳимояи сулҳу субот дар кишвар ва минтақа истифода хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар канори пойтахт маросими ба Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо доир гардид.

Ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ (техникаи зиреҳпӯши БТР-80, машинаҳои ҷангии пиёдагардон БМП-2, танкҳои Т-72 ), чархболҳо ( Ми-8 ва Ми-24), воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳ, таҷҳизоти тиббӣ ва топографӣ  супурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.