Прокуратураи генералӣ қонунӣ будани қатъи NGN-ро месанҷад

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба масъалаи қонунӣ будани қатъи хизматгузории NGN-телефония дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Оператороне, ки ин хизматрасониро пешниҳод мекарданд, аз Прокуратураи генералӣ бо хоҳиши пешниҳоди маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла чӣ гуна пешниҳод шудани хизматрасонии NGN ба муштариён ва бар асоси кадом қарор аз ҷониби провайдерон қатъ шудани он дархости хаттӣ гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки 18 декабри соли гузашта Хадамоти алоқа ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» қарори худро дар бораи бекор кардани ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи NGN ирсол кард.

Дар муддати панҷ рӯз ширкатҳо ва мақомоти назоратӣ бояд дар бораи иҷрои ин дастур ҳисобот медоданд. Ширкатҳое, ки саривақт ин қарорро иҷро накарданд, зери фишор қарор гирифтанд Аз ҷумла, дафтари кории марказии ширкати «Вавилон» муддати як шабонарӯз баста шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи яке аз ширкатҳо дар ин робита хабар дод, дар Прокуратураи генералӣ ба онҳо тавсия додаанд, ки номи ин хизматгузориҳоро иваз карда, онҳоро барқарор намоянд. Аз ҷумла, ширкати «Вавилон» аллакай роҳандозии мессенҷери нави МobiГап-ро эълон кардааст. Қаблан хизматгузории IP-телефония дар ширкати «Вавилон» NGN номида мешуд.

Котиби матбуотии ширкат Холиқназар Ҷумъаев рӯзи 2 январ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки мессенҷери нав ба анҷоми зангҳои садоӣ, видео ва ирсоли маълумот дар дохили замима, ҳамчунин занг ба телефонҳои шаҳрӣ ва мобилӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо нархҳои дастрас имкон медиҳад ва барои ин сим-корти ширкати «Вавилон»-ро дастрас кардан зарур аст.

«Корбарон аз сомонаи ширкат барномаи мессенҷери МobiГап-ро ба телефони худ баргирифта, зангҳо дар дохили замима бепул аст, дақиқаи гуфтугӯ бо муштарии ширкати мо 3 дирам нарх дорад. Арзиши занг ба рақамҳои телефонҳои шаҳриву дигар ширкатҳо 12 дирамро ташкил медиҳад», – иброз дошт Холиқназар Ҷумъаев.

Қаблан нархи занг тариқи NGN дар ин ширкат 6 дирам арзиш дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...