Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ доир ба коҳиши ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ

Тӯли 9 моҳи соли 2017 захираҳои байнулммилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) босуръат афзуда, то ба сатҳи 5,6 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расиданд. Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки ин бештар натиҷаи самараи якдафъаина буда, гувоҳи беҳбуди устувори асосҳои иқтисодӣ нест. «Афзоиши босуръати захираҳо асосан […]

Тӯли 9 моҳи соли 2017 захираҳои байнулммилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) босуръат афзуда, то ба сатҳи 5,6 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расиданд.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки ин бештар натиҷаи самараи якдафъаина буда, гувоҳи беҳбуди устувори асосҳои иқтисодӣ нест.

«Афзоиши босуръати захираҳо асосан аз ҳисоби андӯхтани қарзҳо ба вуҷуд омад, ки нашри облигатсияҳои аврупоиро ба маблағи 500 млн. доллар дар моҳи сентябр таҷассум мекунад. Захираҳо ҳамчунин бо харидани тиллои монетарӣ тариқи нашри пулҳои миллӣ ва асъори хориҷӣ низ зиёд карда шуданд, ки ба он чораҳои маъмурӣ мусоидат намуданд», – қайд кардаанд муаллифони гузориш.

Дар дурнамои миёнамуҳлат таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки бо барқарор шудани ҳаҷми воридот ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун сатҳи захираҳои байнулмилалии БМТ тадриҷан кам мешаванд.

Аввали моҳи ноябри соли гузашта БМТ изҳор намуд, ки ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда дар таърихи Бонки миллӣ аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Бино ба арзёбии коршиносони байнулмилалӣ, сатҳи ҳадди ақали захираҳои байнулмилалии кишвар бояд се моҳро ташкил диҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.