Баъди зимистони гарм ба Тоҷикистон сардӣ меояд

Пагоҳ Тоҷикистонро обуҳавои сард фаро гирифта, дар Душанбе ҳарорат якбора 10 дараҷа поин меравад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 4 январ дар тамоми минтақаҳои кишвар борон борида, суръати шамол пурзӯр мешавад, вале танҳо дар кӯҳҳо барф меборад. Дар минтақаи шимоли кишвар обуҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва […]

Пагоҳ Тоҷикистонро обуҳавои сард фаро гирифта, дар Душанбе ҳарорат якбора 10 дараҷа поин меравад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 4 январ дар тамоми минтақаҳои кишвар борон борида, суръати шамол пурзӯр мешавад, вале танҳо дар кӯҳҳо барф меборад.

Дар минтақаи шимоли кишвар обуҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меборад. Ҳарорат рӯзона то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф борида, ҳарорат дар водиҳо шабона: – 1+4, рӯзона: 6-11 дараҷа гарм ва дар доманкӯҳҳо шабона: -2+3; рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ борони ба барф табдилёбанда дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона: 8-13 дараҷа хунук рӯзона: -1+4 ва дар шарқи вилоят шабона: 19-24 дараҷа хунук ва рӯзона: 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот пешбинӣ шуда, ҳаво рӯзона: то -2+3 ва шабона: 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе рӯзона борон борида, шабона ҳарорат то сифр поин меравад. Рӯзона ҳарорат 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.