Коршинос: вазъ дар Эрон аз зери назорат намебарояд

Сиёсатмадори маъруф ва журналист, профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки эътирозу бетартибиҳое, ки чанд рӯзи охир як қатор шаҳрҳои бузурги Эронро фаро гирифтаанд, минбаъд идома наёфта, ба наздикӣ ҳукуматдорон тартибу низом дар кишварро барқарор мекунанд. Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумати вақти Эрон аз тамоми имконоти доштааш, аз ҷумла барои фурӯ нишонидани эътирозҳои оммавии […]

Сиёсатмадори маъруф ва журналист, профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки эътирозу бетартибиҳое, ки чанд рӯзи охир як қатор шаҳрҳои бузурги Эронро фаро гирифтаанд, минбаъд идома наёфта, ба наздикӣ ҳукуматдорон тартибу низом дар кишварро барқарор мекунанд.

Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумати вақти Эрон аз тамоми имконоти доштааш, аз ҷумла барои фурӯ нишонидани эътирозҳои оммавии аҳолӣ, ки дар баробари талаботи иқтисодӣ шиорпартоиҳои сиёсӣ низ мекунанд, аз нерӯ низ истифода кунад.

«Теҳрони расмӣ аллакай изҳор намуд, ки эътирозҳои ҳозира дар Эрон аз ҷониби Вашингтон ва иттифоқчиёнаш роҳандозӣ гардида, баҳри интиқом аз Эрон барои дастгирии Фаластин аст. Ин изҳорот ба ҳукумат ва ҷонибдоронаш барои рафтори шадид ҳуқуқ медиҳад», – гуфт коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният дар бораи таҳаввулоти Эрон шуда, бо қироати постҳои эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мӯътаризон гуфтааст, иддаои Эрон дар бораи инки эътирозҳои ин кишвар аз сӯи қудратҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шудааст, "хандаовар" мебошад.

Гуфта мешавад, эътирозҳои кунунии Эрон рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр аз шаҳри Машҳад оғоз шуд ва ба шаҳрҳои дигари Эрон — аз Кирмоншоҳ гирифта дар Ғарби Эрон то Исфаҳон, Ҳамадон, Язд, Теҳрон ва ҳатто шаҳрҳои хурд сироят кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар эътирозҳои рӯзҳои ахир дар Эрон беш аз 20 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти Эрон ҳамчунин аз боздошти беш аз 450 нафари дигар дар шаҳрҳои мухталифи Эрон хабар додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.