Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Идомаи сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон дар Душанбе. Оғози намоишҳо – соати 14:00 ва 16:00. Нархи билетҳо аз 20 то 50 сомонӣ. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8126 сомонӣ; 1 евро – 10.5883 сомонӣ; 1 рубли […]

АНОНС

– Идомаи сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон дар Душанбе. Оғози намоишҳо – соати 14:00 ва 16:00. Нархи билетҳо аз 20 то 50 сомонӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8126 сомонӣ;

1 евро – 10.5883 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1533 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 – Таъсиси шаҳри Қайроққум (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1964 – Дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе намунаи аввалини яхдони «Помир» истеҳсол шуд.

2011 — Дар натиҷаи амалиёти махсус дар деҳаи Руноби водии Рашт Аловуддин Давлатов, бештар маъруф бо лақаби Алӣ Бедакӣ ва 7 тан аз ҳаммаслакони ӯ кушта шуданд.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -8-13, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -19-24, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф). Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -1+1.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.