Шаҳрдории Хуҷанд: одамон аз нитрити натрий фавтиданд

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Тавре ки расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, 4 нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд бинобар заҳролудшавӣ аз оши палави истеъмолнамудаашон фавтиданд, вале мутаасифона ашхоси ноогоҳ аз воқеияти ҳол, сабаби марги эшонро ба ҳар васила шарҳ медиҳанд.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд қайд мешавад, ки дар асл тибқи иттилоъи мақомоти марбута шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, микроноҳияи 19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соатҳо 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд.

Ҳамзамон аз оши палави номбаршуда ба ҳамсари Абуҷаббор Норматов-Муборакхон Норматова низ равон менамоянд, ки охирон аз он таъом истеъмол менамояд. Баъди шаш соати истеъмоли ош шаҳрвандон Абуҷаббор Норматов ва Муборакхон Норматова дар вуҷудашон бемориро ҳис менамоянд ва ба худмуолиҷа машғул шуда то соати 22:00 дар хонаи худ меистанд. Баъдан мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сиоятии шаҳр Хуҷанд фавран бистарӣ мекунанд ва аз тарафи духтурон меъдаи беморонро мешӯянд.

Тақрибан соатҳои 23:55  тариқи «Ёрии таъҷилӣ»  боз як бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст будани фишори хун, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба беморхонаи мазкур оварда шуд, ки аз вай Бахтиёр Муртазоев сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 ном бурда мешавад, ки ӯ низ аз оши ҳарифона истеъмол намудааст.

Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар се бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тасфи бадан, қайкунии зиёд, ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд.Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона 8 нафар иштирок дошта, фавран боз ду нафар Равшан Мӯъминов ва Ҳотам Раҷабов дар беморхонаи шаҳрии №1 шуъбаи гемодиализ бистарӣ карда шуданд.

Аз тарафи Маркази экспертизаи  судӣ-тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифона номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрити натрий истифода шудааст.

Мутаасифона шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқоматии худ фавтиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аҳли оила ва пайвандони марҳумон изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, ба эшон сабри ҷамил ва пуртоқатиро хоҳон аст.

Бинобар ин сару садоҳое амсоли он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрити натрий ба оши ҳарифона маълум намуда истодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...