Омӯзгор аз Суғд ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017»

Дар толори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, панҷ нафар довталаб аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи […]

Дар толори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, панҷ нафар довталаб аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон шуда, ба ӯ туҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Ба Моҳира Худоназарова- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 шаҳри Душанбе, Модавлат Чоршанбиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ноҳияи Шуғнон, Идигул Алиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Ваҳдат, Шуҳрат Мирзоев- омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм супорида шуд.

Ҳамчунин, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Икромова, М. Худоназарова, М. Чоршанбиева, И. Алиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ш. Мирзоев бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.