Имоми яке аз масҷидҳо Эронро ба фавти 150 ҳазор ҳамдиёронаш гунаҳкор медонад

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) Абдусаттор Юсупов Эронро дар фавти 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳкор медонад. Дар мақолаи интишоршудаи имомхатиб дар сомонаи Кумитаи дин қайд мешавад, ки «агар ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол назар кунем, бароямон равшан мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо ташаббус ва дастгирии молиявии Эрон амалӣ шуда, […]

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) Абдусаттор Юсупов Эронро дар фавти 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳкор медонад.

Дар мақолаи интишоршудаи имомхатиб дар сомонаи Кумитаи дин қайд мешавад, ки «агар ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол назар кунем, бароямон равшан мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо ташаббус ва дастгирии молиявии Эрон амалӣ шуда, дар натиҷа Тоҷикистон 150 000 шаҳрванди худро аз даст дод».

Аз мардуми кишвар даъват карда мешавад, ки «бояд зиракиро аз даст надода, мазҳаби аҷдодиро аз олудагиҳо ҳифз намоем ва ҳама чун як тан дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем!».

Таъкид мешавад, ки Эрон имрӯз ҳам Ҳизби наҳзати исломиро, ки дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шудаву фаъолияташ манъ аст, дастгирӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.