Ҷашни зодрӯз бо аҳли оила: Озода Раҳмон 40-сола шуд

Духтари калонии Президенти Тоҷикистон, имрӯз 3 январ 40-сола мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Раҳмон Озода Эмомалӣ зодрӯзашро танҳо бо аҳли оилааш ҷашн мегирад. Ёдрас мекунем, ки тибқи меъёри моддаи 8 Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон», ҷашни зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила таҷлил […]

Духтари калонии Президенти Тоҷикистон, имрӯз 3 январ 40-сола мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Раҳмон Озода Эмомалӣ зодрӯзашро танҳо бо аҳли оилааш ҷашн мегирад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи меъёри моддаи 8 Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон», ҷашни зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила таҷлил карда шавад.

Бино ба тағйироту иловаҳо ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ки охири моҳи августи соли гузашта қабул шуд, барои риоя накардани талаботи қонуни танзим масъулияти мансабдорон ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯртар карда шуд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми ҷарима барои ин амал нисбати мансабдорон аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисоб, яъне аз 25-26 ҳазор сомонӣ то 700 нишондиҳанда ё худ 35 ҳазор сомонӣ афзуда шуд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Моҳи майи соли 2015 аз пойтахт узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Ҳамчунин 26 майи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон унвони мушовири давлатии адлия дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.