Ҳамсарон аз ВМКБ беҳтарин оилаи ҷавони Тоҷикистон эътироф шуданд

Asia-Plus

Ҳамсарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков ва Гуландом Назармамадова ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон шуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҳидояти онҳо дар роҳи бунёди оилаи солиму баркамол, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал ва хешу таборӣ, зӯроварӣ дар оила ва дар умум тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, сарфаву сариштакорӣ ва муаррифии намунаҳои беҳтарини оилаҳои ҷавон мебошад.

Гуфта мешавад, озмун дар се давр ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 11 оилаҳои беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод иштирок карданд.

Озмун аз рӯи 6 шарт: муаррифии оила, бахши рӯзгордорӣ, бахши маънавӣ ва андарзӣ, бахши фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бахши ҳаҷвӣ доир гардида, оилаҳои ҷавон ҳар яке аз дигаре беҳтару хуштар ва бо завқи баланд ҳунарнамоӣ карданд.

Ҷойи дуюми озмун ба беҳтарин оилаи ҷавон аз вилояти Хатлон, ҷойи сеюм ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ноҳияи Варзоб муносиб дониста шуда, ғолибони озмун ва дигар иштирокчиён бо дипломҳо ва тӯхфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...