Қочоқбарони ба марзбонони тоҷик дарафтода қаблан дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд

Қочоқбарони афғон, ки аввали моҳи декабри соли 2017 Хайриддин Аҳтамов, полковники нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштанд, бо гурӯҳе аз маҳбусони тоҷик дар тамос буда, интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз дохили зиндон раҳнамоӣ мекарданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомоти тафтишотӣ, ки ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, дар ҷараёни тафтиш мушаххас кардаанд, ки аз дохили зиндоне […]

Радиои Озодӣ

Қочоқбарони афғон, ки аввали моҳи декабри соли 2017 Хайриддин Аҳтамов, полковники нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштанд, бо гурӯҳе аз маҳбусони тоҷик дар тамос буда, интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз дохили зиндон раҳнамоӣ мекарданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомоти тафтишотӣ, ки ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, дар ҷараёни тафтиш мушаххас кардаанд, ки аз дохили зиндоне дар Душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Афғонистон кори гурӯҳи қочоқбаронро раҳнамоӣ мекарданд.

Қочоқбароне, ки шаби 2-уми декабр Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро кушта, чор сарбозу афсарро маҷрӯҳ намуданд, дар ҷои ҳодиса 33 кг маводи мухаддир ва чор автомати “Калашников”-ро гузошта ба Афғонистон фирор карданд.

Як манбаи огоҳ аз ин парванда рӯзи 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, се зиндоние, ки ҷараёни қочоқро аз пушти панҷара танзим мекарданд, бо қочоқбарон бо телефони мобил тамос доштанд ва бар асоси раҳбаладии онҳо қочоқбарони афғон мебоист маводи мухаддирро ба қочоқбарони тоҷик таслим мекарданд.

Нисбат ба ин се нафар, ки бар асоси моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ адои ҷазо менамуданд, такроран парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Зимнан, афроде, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар озодӣ қочоқбаронро бояд пешвоз мегирифтанд, феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

“Ҳам қочоқбарони афғон ва ҳам маҳбусон аз симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода кардаанд. Ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст”, – гуфтааст як манбаи огоҳ аз ҷузъиёти парванда ба шарти ифшо нашудани номаш.

Гуфта мешавад, дар зиндонҳои Тоҷикистон истифода аз телефонҳои мобил мамнӯъ аст, вале гоҳ-гоҳ гузоришҳо мерасад, ки маҳбусон бо роҳи ғайриқонунӣ ба телефони мобилӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки як тан аз раҳбаладони гурӯҳи кочоқбарон сокини 29-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, панҷ сол боз дар зиндон қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.