Ба Тоҷикистон боз боло бурдани тарифҳои барқро маслиҳат доданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистонро боз ба арзиши пасти нерӯи барқ дар кишвар ҷалб карданд, ки дар натиҷаи он «Барқи тоҷик» ба мушкили молӣ дучор аст.

«Дар амалисозии фаъолияти худ ширкати «Барқи тоҷик» то ҳол ба норасоии воситаҳои молӣ дучор буда, ин ба тарифҳои паст аз сатҳи ҷуброни хароҷот вобаста аст», – қайд мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон.

Бино ба арзёбии таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, тарифи миёна аз сатҳи ҷуброни хароҷот 45 фоизро ташкил медиҳад.

«Хароҷот барои пардохти қарз ба сатҳи ҷуброни он таъсири назаррас мерасонад, зеро беш аз 90 фоизи қарзҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлат бо асъори хориҷӣ ифода ёфта, беқурбшавии сомонӣ дар соли 2016 ба афзоиши хароҷоти пардохти қарзҳо боис гардид, чунки даромадҳои «Барқи тоҷик» бо сомонӣ ворид шуда, тасҳеҳи тарифҳо бар асоси қурби мубодила гузаронида нашуд», – таъкид мешавад дар гузориш.

Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ тадриҷан то 3,5 сент афзоиш дода шаванд. Имрӯз аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ қариб 2 сент маблағ пардохт мекунад.

Охири моҳи ноябри соли гузашта Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки тарифҳои нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ бояд «бо гузашти вақт тасҳеҳ шаванд» ва ҳамзамон зарурати ҳалли «масъалаҳои дахлдори иҷтимоӣ» низ ба инобат гирифта шавад.

Ба истилоҳи дигар, бонк ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тадриҷан боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқ ва ҳамзамон ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои дастгирӣ аз қишри осебпазири аҳолиро дар ин замина тавсия дод.

Аввали соли равон Бонки осиёгии рушд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Пешниҳоди БОР аз он иборат буд, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб ҳар сол барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик боло бурда мешаванд. Ахиран тарифҳо аз 1 октябри соли равон тағйир ёфта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...