Пешниҳоди ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба Самарқанду Бухоро

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намуд, ки байни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои ин кишвар хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода шаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дошта, ояндаи наздик дар ин бора тасмим гирифта мешавад.

Манбаъ изҳори бовар намуд, ки қарори Тоҷикистон дар мавриди ин масъала мусбат хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрели соли гузашта Ӯзбекистон якҷониба парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошкандро, ки аз соли 1992 қатъ шуда буд, барқарор намуд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...