Тахриби 7 ҳавопаймо зимни ҳамла ба пойгоҳи низомии Русия дар Сурия

Зимни ҳамлаи мусаллаҳона (миномётӣ) ба пойгоҳи низомии авиатсионии Русия дар Хмеймими Сурия 7 ҳавопаймо нобуд карда шуд. Дар ин бора бо истинод ба сарчашмаҳои ифшонашудаи ҳарбӣ-дипломатӣ «Коммерсант» хабар медиҳад. Бино ба маълумоти нашрия, ҷангиён пойгоҳро мавриди тирпарронӣ қарор дода, 4 ҳавопаймои бомбафкани Су-24, ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва ҳавопаймои боркаши Ан-72-ро нобуд кардаанд. Анбори аслиҳаву […]

Зимни ҳамлаи мусаллаҳона (миномётӣ) ба пойгоҳи низомии авиатсионии Русия дар Хмеймими Сурия 7 ҳавопаймо нобуд карда шуд. Дар ин бора бо истинод ба сарчашмаҳои ифшонашудаи ҳарбӣ-дипломатӣ «Коммерсант» хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти нашрия, ҷангиён пойгоҳро мавриди тирпарронӣ қарор дода, 4 ҳавопаймои бомбафкани Су-24, ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва ҳавопаймои боркаши Ан-72-ро нобуд кардаанд. Анбори аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ низ бо оташфишонӣ тарконида шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бар асари ин ҳамла беш аз 10 тан аз хизматчиёни ҳарбӣ осеб дидаанд, лекин маълум нест, ки онҳо низомиёни рус ҳастанд ё не. Маълумот аз ҷониби Вазорати мудофиа расман тасдиқ нашудааст.

Қаблан рӯзи 3 январ Вазорати мудофиаи Русия хабар дода буд, ки санаи 31 декабр зимни парвоз ба фурудгоҳи Хама дар Сурия чархболи МИ-24 ба садама дучор шуда, ҳарду сарнишини он ҳалок шуданд. Зикр гардида буд, ки чархбол мавриди ҳамла қарор нагирифта, бар асари носозии техникӣ суқут кардааст. Чаро дар бораи ин ҳодиса баъди 4 рӯз хабар доданд, саҳеҳ маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймим бисёр вақт мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор мегирад, лекин доир ба талафоте дар ин робита хабар дода намешуд. Рӯзи 28 декабр маълум шуд, ки низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ мушакҳои «Град»-ро, ки ба сӯи пойгоҳ партоб шуда буданд, муваффақона нобуд кардааст.

Аввали моҳи декабри соли 2017 президенти Русия Владимир Путин эълон дошт, ки қисмати зиёди нерӯҳои ҳарбии Русия аз Сурия бароварда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи авиатсионӣ дар Хмеймим ва пойгоҳи ҳарбии баҳрии Русия дар Тартус доимо дар Сурия ҳузур хоҳанд дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.