«Тоҷик Эйр» шумори парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» шумораи парвозҳоро ба самти Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе зиёд мекунад. Бино ба иттилои котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, аз 16 феврал мусофирон метавонанд дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Ҳиндустон сафар намоянд. «Парвоз  тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» сурат гирифта, давомнокии он дар як самт […]

Asia-Plus

Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» шумораи парвозҳоро ба самти Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе зиёд мекунад.

Бино ба иттилои котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, аз 16 феврал мусофирон метавонанд дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Ҳиндустон сафар намоянд.

«Парвоз  тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» сурат гирифта, давомнокии он дар як самт 2 соату 30 дақиқа ва  арзиши чипта 3 953 сомониро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати миллии «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.