Заминларзаи марказаш якчанд километр дуртар аз Роғун

Asia-Plus

Соати 08:40 дақиқи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва осебу харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 110 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави водии Рашт муқаррар шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ […]

Соати 08:40 дақиқи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва осебу харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 110 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави водии Рашт муқаррар шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ – 5 балл, дар Душанбе – 3 балл ва дар Нуробод – 2 баллро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминдарза дар марказ ба 4,9 балл баробар будааст.

Маркази заминларза дар 120 километрии шарқи Душанбе, 50 километрии шимоли Муъминобод ва 36 километрии шимолу шарқи Роғун дар чуқурии 51 километр сабт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ду медали биринҷӣ ва роҳхат ба даври финалӣ: дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.