Боз худкушӣ. Дар Душанбе духтар худро ба дарё партофт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Духтари 18-сола даст ба худкушӣ зада, худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт. Ӯро наҷот доданд. Тавре аз Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, ҳодиса нимаи рӯзи 16 январ дар болои пули раҳгузари наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 рух додааст. «Ӯ бо сабаби мушкилоти оилавӣ ба ин кор даст зада, нахуст таблетка истеъмол […]

Духтари 18-сола даст ба худкушӣ зада, худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт. Ӯро наҷот доданд.

Тавре аз Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, ҳодиса нимаи рӯзи 16 январ дар болои пули раҳгузари наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 рух додааст.

«Ӯ бо сабаби мушкилоти оилавӣ ба ин кор даст зада, нахуст таблетка истеъмол мекунад ва сипас худро аз болои пул ба дарё мепартояд, – гуфтанд дар ШВКД. – Ӯро одамоне, ки дар наздикии ин мавзеъ қарор доштанд, наҷот додаанд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон духтар дар Маркази бемориҳои сӯхтаи шаҳри Душанбе (Беморхонаи №3) бистарӣ ва таҳти муоинаи табибон қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса дар прокуратараи ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан бо ин восита зиёд шудааст: моҳи феврали соли гузашта духтари 18-сола худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт; моҳи апрели соли гузашта ҷавонзан бо писарчи якунимсолааш худро ба дарёи Кофарниҳон партофт; нимаи моҳи июн ҷавонзани ҳомиладор худро ба дарёи Вахш афканд; охири моҳи июн зани сокини вилояти Суғд худро ба Сирдарё партофт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бештар занон ба ин амал даст мезананд. Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 327 ҳолати худкушӣ (168 нафар – занон, 159 нафар – мардон ва 55 нафар ноболиғон) ба қайд гирифта шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст