Такмили низоми обёрии водии Зарафшон ба маблағи 16,5 млн. доллар

Иттилоияи расмӣ

Ҳукумати  Тоҷикистон  ва  Бонки  ҷаҳонӣ Баҳри амалисозии Лоиҳаи барқарорсозии низоми обёрӣ  ва  беҳтар  намудани  идоракунӣ  дар  водии  Зарафшон ба маблағи 16,5  миллион доллари ИМА созишномаи грантӣ ба имзо расониданд. Лоиҳа аз ҷониби Фонди мақсадноки Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, ба деҳқонони ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қисмати шимолии Тоҷикистон барои зиёд намудани ҳосилнокӣ  ва беҳтар намудани воситаҳои зиндагии […]

Ҳукумати  Тоҷикистон  ва  Бонки  ҷаҳонӣ Баҳри амалисозии Лоиҳаи барқарорсозии низоми обёрӣ  ва  беҳтар  намудани  идоракунӣ  дар  водии  Зарафшон ба маблағи 16,5  миллион доллари ИМА созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

Лоиҳа аз ҷониби Фонди мақсадноки Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, ба деҳқонони ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қисмати шимолии Тоҷикистон барои зиёд намудани ҳосилнокӣ  ва беҳтар намудани воситаҳои зиндагии худ имконият фароҳам меоварад.

Ҳидает Бишчевич, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ин робиа қайд кардааст: “Лоиҳа дараҷаи  дастрасии  маҳсулоти  озуқавориро  барои  аҳолии  деҳоти  водии  Зарафшон  баланд бардошта, ба ин восита ба ҳадафи умумиҷаҳонии беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.  ИА ҷонибдори рушди деҳот дар Тоҷикистон ва махсусан дар водии Зарафшон буда, аз равиши  дастгирии  дарозмуддат  ва  фарогири  иқтисодиёти  маҳаллӣ  дар  деҳот  истифода мебарад”.

Аз майдони умумии заминҳои эҳтимолан обёришаванда дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, тақрибан 40 фоизи  он  айни  замон  барои  парвариши  зироатҳои  камҳосили  лалмии  ҷав,  гандум  ва  зироатҳои равғанӣ  истифода  мешавад.  Обёрии  бесамар  ба  имконияти  деҳқонон  дар  баланд  бардоштани ҳосилнокии  зироат  ё  гузариш  ба  парвариши  зироатҳои  дорои  арзиши  бештар,  монеагӣ  мекунад.

Нигоҳубини  ба  таъхир  андохтаи  наҳрҳои  асосӣ  ва  истгоҳҳои  обкашӣ,  таҳшиншавии  қум  дар инфрасохтори обёрӣ, таъмини беэътимоди нерӯи барқ, ва таҷҳизоти обкашии фарсудашуда баъзе  аз сабабҳои обёрии камсамар ва талафоти об дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Лоиҳаи  барқарорсозии  низоми  обёрӣ  ва  беҳтар  намудани  идоракунӣ  дар  водии  Зарафшон инфрасохтори барои идоракунии самарабахши обёрӣ ва захираҳои об заруриро тақвият мебахшад. Дар  доираи  лоиҳа  барқарорсозии  инфрасохтори  обёрӣ,  чорабиниҳои  муҳим  барои  муҳофизат  аз обхезӣ  ва  асосноккунии  техникию  иқтисодӣ  барои  такмилдиҳӣ  ва  таҷдиди  шабакаҳои  обёрӣ маблағгузорӣ мегарданд.

Ғайр аз ин, чорабиниҳои лоиҳавӣ дар татбиқи ислоҳоти афзалиятноки  соҳаи обёрӣ дастгирии иститутсионалӣ пешниҳод намуда, иқтидори институтсионалии  Агентии беҳдошти замин  ва  обёриро  ҷиҳати  эътино  ба  обхезӣ  ва  ярч  тақвият  мебахшанд  ва  Ассотсиатсияҳои навташкилшуда ва мавҷудабудаи истифодабарандагони обро дастгирӣ мекунанд.

“Таваҷҷуҳи махсус ба рушди минтақаҳои деҳот ва бунёди иқтисоди деҳот тавассути ислоҳоти инфрасохторӣ  ва  институтсионалӣ  ба  таъмини  мардум  бо  имкониятҳои  беҳтари  иқтисодӣ мусоидат намуда, ба минтақаҳои камбизоати кишвар даромади иловагӣ медиҳад,”  – илова кардааст  Ян-Петер Олтерс,  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон.  – Лоиҳаи  мазкур  ба  барномаи бисёрсолаи  фарогири  ислоҳот,  ки  Ҳукумати  Тоҷикистон онро оғоз намуда  буд  такя  карда,  ба ташкили низоми самаранок ва устувори идоракунии захираҳои об ва таъмини хизматрасониҳои обёрии босифат ба деҳқонони кишвар равона шудааст.”

Лоиҳа  ҷузъи  барномаи  васеи  рушди  минтақаҳои  деҳот,  ки  аз  ҷониби  ИА  маблағгузорӣ  мегардад, маҳсуб  ёфта,  дастгирии  Вазорати  энергетика  ва  захираҳои  об  дар  соҳаи  сиёсат  ва  рушди институтсионалӣ ва бахши дастгирии ҷомеаҳоро, ки бояд дар ҳамон ҳавзаи дарё амалӣ гардад, дар бар мегирад.

Айни замон сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 19 лоиҳаро бо арзиши умумии 615,9 млн. доллари ИМА дар бар мегирад.  Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Тоҷикистон омода аст, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки  зиндагии мардумро беҳтар намуда талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.