Боздошти донишҷӯёни тоҷик бо героин дар Брянск

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Брянски Русия як гурӯҳи донишҷӯёни мактаби олиро, ки дар қаламрави шаҳр ба фурӯши маводи мухаддири сахттаъсири героин машғул будаанд, боздошт намуданд. Тавре дар сомонаи газетаи «Брянские Новости» хабар дода мешавад, аз онҳо 350 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст. Бо истинод ба Раёсати ВКД-и шаҳр гуфта мешавад, ба ҳайати ин […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Брянски Русия як гурӯҳи донишҷӯёни мактаби олиро, ки дар қаламрави шаҳр ба фурӯши маводи мухаддири сахттаъсири героин машғул будаанд, боздошт намуданд.

Тавре дар сомонаи газетаи «Брянские Новости» хабар дода мешавад, аз онҳо 350 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст.

Бо истинод ба Раёсати ВКД-и шаҳр гуфта мешавад, ба ҳайати ин гурӯҳи ҷиноятпеша 3 нафар шаҳрвандони 19-солаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия шомил будаанд.

«Ҳамаи онҳо донишҷӯёни мактаби олии шаҳр буда, дар вақти холигӣ аз дарс маводи мухаддир мефурӯхтаанд, – омадааст дар хабар. – Зимни боздошт аз онҳо 240 грамм бастаи героин ва дар манзили яке аз донишҷӯён низ боз 120 грамм чунин навъи маводи нашъаовар дарёфт шудааст».

Бино ба иттилои манбаъ, нисбати ин амали донишҷӯён парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо ҷазои аз 10 то 20 соли зиндон бо ҷаримаи то миллион рубл таҳдид мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.