Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС – Таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017 натиҷагирӣ мешавад; – Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои «Истиқлол» ва мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон вохӯрии дӯстона доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), […]

АНОНС

– Таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017 натиҷагирӣ мешавад;

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои «Истиқлол» ва мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон вохӯрии дӯстона доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8253 сомонӣ;

1 евро – 10.7730 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1556 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 — Барои баррасии умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсияи ИҶШС ба чоп расид, ки 5-уми декабри ҳамин сол аз ҷониби иҷлосияи Шӯрои Олии ИҶШС қабул карда шуд.

1943 — Артиши шӯравӣ муҳосираи Ленинградро рахна кард.

1974 — Дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд.

1997 — Норвегиягӣ Борг Ослунд бори нахуст дар ҷаҳон Антарктидаро гузашт.

2003 — Бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, президенти ҶТ Фармон дар бораи як қатор тағйирот дар ин низомро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба ҳукумат оид ба барҳамдиҳии баъзе ширкатҳо дастур дода шуд.

2016— Ӯзбекистон транзит тариқи роҳи оҳанашро барои Тоҷикистон сабуктар кард.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона -1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+3; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+10.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -3-5.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.