Имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ байни Қазоқистону ИМА

Дар ҷараёни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ИМА байни кишварҳо беш аз 20 санади марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ имзо шудааст, ки маблағи умумии онҳо ҳудуди 7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дастгоҳи президенти Қазоқистон, президенти ИМА Доналд Трамп ҳамтои қазоқашро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ҷараёни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ИМА байни кишварҳо беш аз 20 санади марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ имзо шудааст, ки маблағи умумии онҳо ҳудуди 7 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дастгоҳи президенти Қазоқистон, президенти ИМА Доналд Трамп ҳамтои қазоқашро дар Кохи сафед ба ҳузур пазируфта, Нурсултон Назарбоев ҳамчунин бо намояндагони доираҳои соҳибкории ИМА мулоқот кард.

Гуфта мешавад, санадҳои имзошуда ба иҷрои тарҳҳо дар бахши пажуҳишҳои авиатсиониву кайҳоннавардӣ, саноати кимиёиву кишоварзӣ ва рушди зербиноӣ марбутанд.

Назарбоев ҳангоми суханронӣ дар назди иштирокдорони мизи мудаввар ба хусусияти стратегӣ доштани равобити Қазоқистону ИМА ишора карда, гуфтааст, "Амрико аз нигоҳи ҳаҷми сармоягузориҳои бевоситаи худ ба иқтисоди Қазоқистон мақоми дувумро касб мекунад".

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои истиқлол ширкатҳои амрикоӣ ба иқтисоди Қазоқистон беш аз 50 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, ҳоло дар ин кишвар бо сармояи ИМА зиёда аз 500 ширкат фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.