Натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои соли 2017 дар ҷаласаи васеи ҳукумат

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз 18 январ дар Душанбе доир мегардад, аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, нақшаи кор дар соли 2018 баррасӣ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баррасиву таҳлили ҳисоботҳои раҳбарони вазорату […]

Аваз Юлдошев

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз 18 январ дар Душанбе доир мегардад, аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, нақшаи кор дар соли 2018 баррасӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баррасиву таҳлили ҳисоботҳои раҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин роҳбарони марказҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ба масъалаҳои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисоди кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба ақидаи сарчашмаи хабар, ҷаласаи ҳукумат шояд наздикии бегоҳи ҳамин рӯз кори худро ба анҷом расонад.

Қобили зикр аст, ки маъмулан аз рӯи чунин ҷаласаҳо бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Аммо, ба ақидаи коршиносон, воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон чунин аст, ки барои тағйироти кадрӣ ба президент мунтазир шудани ҷаласаи ҷамъбастӣ зарурат надорад.

Мувофиқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ, президенти Тоҷикистон дар ҳама гуна вақт метавонад дар сохтори ҳукумат, ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатии минтақаҳо тағйироти кадрӣ анҷом диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.