Эълони озмун барои роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2018»

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2018» озмун эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, талаботи асосӣ барои доваталабон – огоҳии комил аз аҳкоми маносики ҳаҷ, малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, обутоби ҷисмонӣ, дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани […]

Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2018» озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, талаботи асосӣ барои доваталабон – огоҳии комил аз аҳкоми маносики ҳаҷ, малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, обутоби ҷисмонӣ, дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст. Дар озмун нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз 22 январ то 22 феврал қабул карда мешаванд.

Зимнан таъкид мешавад, ки тибқи муқаррароти ҷониби Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Соли гузашта ҳамроҳ бо ҳайати хизматрасон 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гаштанд. Соли 2017 арзиши маросими адои ҳаҷ барои тоҷикистониён наздики 33 ҳазор сомонӣ (3 ҳазору 630 доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин (соли 2016) беш аз 4 ҳазор сомонӣ зиёдтар буд.

Охири соли гузашта муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” дастур дод, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.