Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро баргузор намуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 17 январ дар Маскав нахустин ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро дар соли равон баргузор намуд. Тавре Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, Сатторов, ки намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссияи мазкур аст, дар бораи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ соли 2018 муфассал маълумот дод. Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоли […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 17 январ дар Маскав нахустин ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро дар соли равон баргузор намуд.

Тавре Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, Сатторов, ки намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссияи мазкур аст, дар бораи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ соли 2018 муфассал маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоли ҳамгиройии кишварҳо дар бахши иқтисод, ва лоиҳаи як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳуқуқи муаллифӣ, стандартикунонии байнидавлатӣ, барномаи ҳамкориҳои инноватсионӣ, ҳамкорӣ байни китобхонаҳои давлатҳо баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, тартиби истеҳсол, воридоту содироти маҳсулоти муҳими хӯроквории кишварҳои Иттиҳод дар соли 2018, таъсиси ҷоизаи Иттиҳод барои дастовардҳо дар бахши сифати маҳсулот ва хизматгузорӣ, ҳамчунин масоли тадорукотиву молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бо назардошти эроду иловаҳо лоиҳаи санадҳо ба баррасии Шӯрои иқтисодии ИДМ пешниҳод мешаванд, ки ҷаласаи он 2 марти соли равон дар Маскав баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2018 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви ИДМ имсол таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.