Суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

Asia-Plus

Дар қароргоҳи СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Эҷоди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи пайвандсозии бехатарӣ ва рушд”, ки охири ҳафтаи сипаришуда таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин ҳамоиш Дабири Кулли […]

Дар қароргоҳи СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Эҷоди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи пайвандсозии бехатарӣ ва рушд”, ки охири ҳафтаи сипаришуда таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин ҳамоиш Дабири Кулли СММ, вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Кувайт, Россия, Гвинеяи Экваторӣ, муовинони вазири корҳои хориҷии ИМА, Афғонистон, Нидерланд ва дигар намояндагони кишварҳои аъзои СММ ширкат ва суханронӣ карданд.

Сироҷиддин Аслов зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мушкилоти доғи рӯз дар минтақа, аз ҷумла бадшавии вазъ дар Афғонистон, афзоиши терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва тағйирёбии муҳити зист ҷалб намуд.

Ӯ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор кардани сулҳу амният дар Афғонистон тавассути рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он кишвар, бар он ақидааст, ки ҳамкориҳои минтақавӣ унсури муҳим дар таҳкими субот дар ин кишвари ҷангзада ва дар саросари минтақа мебошад. Барои ҳалли мушкилоти болозикр пиёдасозии иқдомоти қавитар тариқи тавсеаи ҳамкориҳо ва шарокати минтақавӣ зарур арзёбӣ гардид.

Зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои татбиқи пружаҳои иҷтимою иқтисодӣ дар ин кишвар, бахусус лоиҳаҳои минтақавӣ ба мисли КАСА-1000, ТУТАП ва ғайраҳо, ки барои рушди устувори Афғонистон заминаи муҳим мегузоранд, кумакҳои беғаразонаи худро дареғ надоранд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдурахманов мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишварро дар чаҳорчӯбаи СММ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Дабири Кулл ва мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков вохӯрда, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои марбутаи Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷояро дар самти болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.