Боздиди Эмомалӣ Раҳмону писараш аз боғи назди Театри давлатии опера ва балет

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 январ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 январ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шуда, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Президенти мамлакат ва раиси пойтахт ҳамчунин бо рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Боғи кӯдакон ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз наздик ошно гардиданд.

Гуфта мешавад, Боғи кӯдакон аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеъи мамлакат сохта шуда, масоҳати 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Оянда дар ин ҷо барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта мешавад.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.