Боздошти ду марзбони сӯи моҳигирон тиркушода

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нисбати ду нафар сарҳадбонони тоҷик, ки рӯзи 7 январ дар Конибодом сӯи моҳигирон тир кушоданд, аз рӯи далели баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Мирзозода хабар дод. Ӯ таъкид намуд, ки […]

Нисбати ду нафар сарҳадбонони тоҷик, ки рӯзи 7 январ дар Конибодом сӯи моҳигирон тир кушоданд, аз рӯи далели баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Мирзозода хабар дод.

Ӯ таъкид намуд, ки ба тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба ин масъала прокуратураи шаҳри Конибодом ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд машғуланд.

Зимнан сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар муқоиса бо соли пешин (2016) соли гузашта (2017) дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сатҳи содир гардидани ҷиноятҳо ба андозаи 10 фоиз кам шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 1 нафари онҳо ҳалок ва дигарӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Тибқи маълумоти КДАМ, марзбонон автомашинаи онҳоро барои тафтиш, муайян кардани шахсияти онҳо ва мақсади ҳузурашон дар ин мавзеъ боздоштаанд, вале ронандаи автомашина якбора онро ба ҳаракат дароварда, гурехтанӣ шудааст. Сарҳадбонон аввал барои огоҳӣ ба ҳаво ва сипас ба сӯи автомашина оташ кушодааанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.