Соли гузашта тафтиши 10 парванда дар Тоҷикистон махфӣ сурат гирифт

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар вохӯрӣ бо журналистон Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хабар дод, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ ба 10 парвандаи ҷиноӣ муҳри махфӣ гузошта шуд.  Дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар бораи ахиран дар ҷумҳурӣ зиёд шудани тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бо муҳри махфӣ, прокурори генералӣ қайд кард, ки ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар вохӯрӣ бо журналистон Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хабар дод, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ ба 10 парвандаи ҷиноӣ муҳри махфӣ гузошта шуд. 

Дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар бораи ахиран дар ҷумҳурӣ зиёд шудани тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бо муҳри махфӣ, прокурори генералӣ қайд кард, ки ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надошта, соли гузашта ҳамагӣ 10 парвандаи ҷиноӣ бо муҳри махфӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки мақомоти прокуратура уҳдадор нестанд, ки ба саволҳои марбут ба муҳри махфӣ гузоштан ба баъзе парвандаҳои ҷиноӣ посух бигӯянд, зеро «ин амал ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон сурат мегирад».

Ғайр аз ин, зимни ҷавоб ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» бобати мушкилии дастрас кардани маълумот дар бораи ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов ва роҳбари яке аз раёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Аскар Нурализодаи ба 11 соли зиндон маҳкумшуда, прокурори генералӣ пешниҳод намуд, ки дар ин бора дархости хаттии идораи хабаргузорӣ фиристода шавад ва ӯ ба масъала равшанӣ меандозад.

Дар ҳамин ҳол, дар посух ба саволи журналистон дар мавриди боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, прокурори генералӣ зикр кард, ки ин маълумот махфӣ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.