ММТ: довталабон ба касбҳои ҳуқуқшиносу табиб афзалият медиҳанд

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Маркази миллии тестӣ (ММТ) Хуршед Икромӣ изҳор намуд, ки соли 2017 низ довталабон бештар ба касбҳои ҳуқуқшиносу табиб афзалият доданд. Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз ҷавонони кишвар ба ихтисосҳои самти техникӣ чандон таваҷҷуҳи зиёд надоранд. Ӯ қайд кард, ки соли 2017 тавассути гузаштан аз тестҳо 69 ҳазору 900 нафар довталабон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Маркази миллии тестӣ (ММТ) Хуршед Икромӣ изҳор намуд, ки соли 2017 низ довталабон бештар ба касбҳои ҳуқуқшиносу табиб афзалият доданд.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз ҷавонони кишвар ба ихтисосҳои самти техникӣ чандон таваҷҷуҳи зиёд надоранд.

Ӯ қайд кард, ки соли 2017 тавассути гузаштан аз тестҳо 69 ҳазору 900 нафар довталабон ба мактабҳои олӣ ва чанде аз муассисаҳои таълимии миёнаи махсус қабул шуданд.

Зикр гардид, ки шумори довталабон ба ихтисосҳои марбут ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ аз нақша ду баробар зиёд – мутаносибан 221,9% ва 219,3%-ро ташкил дода, дар ихтисосҳои техникӣ ин рақам ҳамагӣ ба 82,9% баробар шуд.

Аз ҷумлаи дастовардҳои марказ дар соли гузашта Хуршед Икромӣ ҷорӣ шудани онлайн-тестҳо барои санҷиши дониш пеш аз тест, афзоиши шумори адабиёти методӣ, шумори духтарони довталаби қабул ба муассисаҳои таълмӣ ва шумори нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонгириро номбар кард.

Бино ба маълумоти шахсони масъули марказ, соли 2018 ҷорӣ шудани ҳеҷ навгоние дар назар набуда, шумори мактабҳои олӣ ва ихтисосҳо низ бетағйир боқӣ мемонад. Танҳо афзоиши шумори довталабон дар назар аст, ки соли равон беш аз 100 ҳазор нафар пешгӯӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.