Раиси Хуҷанд грантҳо барои ҳунармандони мардумиро ду баробар зиёд кард

Маблағи умумии грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд, ки ба ҳунармандони мардумӣ зимни ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд супурда мешаванд, имсол ду баробар – аз 65 ҳазор то ба 120 ҳазор сомонӣ зиёд карда мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар-беҳ аз симу […]

Asia-Plus

Маблағи умумии грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд, ки ба ҳунармандони мардумӣ зимни ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд супурда мешаванд, имсол ду баробар – аз 65 ҳазор то ба 120 ҳазор сомонӣ зиёд карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар-беҳ аз симу зар!» дар Кохи «Суғдиён» боздид намуд.

Дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Хуҷанд, анвои гуногуни ҳунар аз қабили қуроқдӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ бо маҳорати баланди дӯзандагӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Ҳамзамон нишолопазон, наводсозон, сандуқсозон, косибон, рассомон  ва ғайраҳо доир ба санъати омодасозии ҳунарҳои хеш маълумоти муфассал доданд.

Гуфта мешавад, Маъруф Муҳаммадзода зимни сӯҳбат бо ҳунармандон  таъкид дошт, ки барои зиёд намудани анво ва теъдоди маҳсули ҳунарашон кӯшиш намоянд ва дар навбати худ, шаҳрдорӣ баҳри муаррифӣ ва фаъол гардонидани бозори фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳо меандешад.

Зимни суханронӣ дар Кохи «Суғдиён» раиси шаҳр изҳор намуд, ки дар такя ба иқдоми пешгирифтаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  шаҳрдории Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки силсилаи  зиёди чорабиниҳоро пиёда, ҳунарҳои мардумии Хуҷандшаҳрро эҳё ва ташаккул бахшад ва баргузории чорабинии имрӯз низ бо ин ҳадаф амалӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.