Аз фаъолият бозмондани 45 масҷид дар Исфара

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода иттилоъ дод, ки бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои санитарӣ ва шароити мусоид фаъолияти 45 масҷид боздошта шуд. «Сокинони маҳаллӣ пешниҳод намуданд, ки ин масҷидҳо ба иншооти иҷтимоӣ, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ табдил дода шаванд, лекин барои ин аввал иҷозати Кумитаи дин ва ҳамчунин таъмиру […]

Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода иттилоъ дод, ки бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои санитарӣ ва шароити мусоид фаъолияти 45 масҷид боздошта шуд.

«Сокинони маҳаллӣ пешниҳод намуданд, ки ин масҷидҳо ба иншооти иҷтимоӣ, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ табдил дода шаванд, лекин барои ин аввал иҷозати Кумитаи дин ва ҳамчунин таъмиру муҷаҳҳазгардонии онҳо низ зарур аст», – гуфт раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои он 113 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеаи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 100 масҷиди намозҳои панҷгона ва 1 калисо амал мекунанд.

Расулзода ҳамчунин гуфт, 154 нафар сокинони Исфара, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ҳамаашон ба ватан баргардонида шудааанд.

Ӯ аз шаҳри Исфара хеле зиёд дар ҷангҳои дигар кишварҳо иштирок доштани сокинонро инкор накарда, изҳор дошт, ки онҳо на аз Исфара, балки аз дигар кишварҳо, асосан аз Русия ба минтақаҳои даргир сафарбар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ба санаи 1 январи соли 2018 шумори аҳолии шаҳри Исфара 261,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.