Сада дар пойтахт пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад

Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Сада рӯзи 30 январ дар боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод. Чорабиниҳои таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби Вазратҳои фарҳангу кишоварзӣ ва мақомоти шаҳрдории Душанбе ташкил карда мешаванд. Дар ҷашни Сада барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишгоҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Сада рӯзи 30 январ дар боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.

Чорабиниҳои таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби Вазратҳои фарҳангу кишоварзӣ ва мақомоти шаҳрдории Душанбе ташкил карда мешаванд.

Дар ҷашни Сада барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти бахши кишоварзӣ пешкаш гардида, фурӯши ниҳолҳо ва маҳсулоти ғизойӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин бо иштироки санъаткорони маъруфи ҷумҳурӣ Афзалшо Шодиев, Қурбоналӣ Раҳмонов, Муҳаррама Шарипова, ансамблҳои рақсии «Ҷаҳоноро» ва «Чаман» баргузории консертҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, рӯзи 30 январ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои гуногуни идона доир мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли гузашта ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.