«Назорати халқӣ»-и «Тоҷикстандарт» тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо

Ташаббуси роҳандозии назорати ҷамъиятӣ дар бозори истеъмолии «Тоҷикстандарт» дастрасии аҳолӣ ба ин ниҳодро барои робитаи доимӣ осонтар кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти Агентӣ хабар доданд, акнун тоҷикистониён қонуншиканиҳо ё камбудиҳо дар нуқтаҳои савдо, фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ва риоя накардани қоидаҳои савдоро метавонанд дар телефони мобилӣ ё дигар воситаҳои техникӣ наворбардорӣ карда, аксу […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Ташаббуси роҳандозии назорати ҷамъиятӣ дар бозори истеъмолии «Тоҷикстандарт» дастрасии аҳолӣ ба ин ниҳодро барои робитаи доимӣ осонтар кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти Агентӣ хабар доданд, акнун тоҷикистониён қонуншиканиҳо ё камбудиҳо дар нуқтаҳои савдо, фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ва риоя накардани қоидаҳои савдоро метавонанд дар телефони мобилӣ ё дигар воситаҳои техникӣ наворбардорӣ карда, аксу навори видеоро бевосита ба Агентии «Тоҷикстандарт» фиристанд.

Ба иттилои манбаъ, дар шабакаи иҷтимоии Facebook (fb.me/tojikstandart), замимаи мобилӣ барои ирсоли сурату навори видеои Instagram (www.Instagram.com/standard.tj) ва мессенҷери Viber (бо рақами +992 98-850-22-22) ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имкон дорад, ки бидуни монеъа бо арзу шикоят доир ба фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозору нуқтаҳои савдо ба Агентӣ муроҷиат кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.